Газал

Ҳоҷати ман дар ду олам дидани руи ту аст,
Як назар бар чеҳраи зебову дилҷуи ту аст.
Ҳасрати дурӣ зи пешат зинда дар гурам кунад
Оҳуи аз ҷон рамида дар сари куи ту аст.
Буйи мушку анбар овард боди навхези саҳар,
Бар машоми ман, вале танҳо фақат буи ту аст.
Гар тафаққуд кардӣ бар мо, бас мадорое макун,
Булбули ман куштаи чашмони ҷодуи ту аст.
Он манам хушбахтарин бадзоти олам дар ҷаҳон,
В-он нафас воқиф шавам, ки даст бар муи ту аст.
Хусрави хубони ман кун як назар бар суи мо,
Дон, ки то ман зиндаам роҳам фақат суи ту аст.
Аз қазо қолаб тиҳӣ созам, агар воқиф наям,
Бехабар аз он, ки рузи марги ман туйи ту аст.
Эй муҳибби ҷону тан васфат кунам дар шеърҳо,
Шоире чун Собири хушгуй дуогуи ту аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед