Гирифта бекарории шаборӯзонаи дарё

Қарорам нест дар ёди паридарё, вуҷудамро
Гирифта бекарории шаборӯзонаи дарё.
Диламро бишканад ҳар дам шикан андар шикан гесӯш,
Нанолам чун зи бозии ситамкешонаи дарё.
Лаби соқил тар аст, аммо ҳамора ташна хоҳад буд
Ба сди бӯсаҳои шӯри муштоқонаи дарё
Ту гӯӣ ҷумла нозу ишваву таннозии хубои
Фарохам сохта хамёзаи субҳонаи дарё.
Зи мавҷи худшикан дидам. ки худро ҷамъ меорад,
Маро биспор бар туғёни худхоҳонаи дарё.
Нафастанг аст ин дарё ба чанги ҳирс. чун бинам
Нафас пур мекашад дарё, кунам шукронаи дарё.
Басо гирдоби саргардон сари ушшоқро хӯрдаст,
Аз он то ҷовидон шеван кунад ҷононаи дарё
Адои байти зебои Адо гардам, ки чун ғаввос
Бурун овард пеши мо дури якдонаи дарё.
1992

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед