Гиря кардам шомҳо бар мотами ноёбҳо
06 хурдам умрҳо аз косаи гирдобҳо,
Тоб хурдам солхо дар дасти оҳантобҳо.
Ханда кардам рӯзҳо бар зиндагони бемазоқ,
Гиря кардам шомҳо бар мотами ноёбҳо.
Боб-боби дафтарамро ҳамчу боби хотирам
Ман навиштам бар алайҳи туҳмати нобобҳо.
Гарчи дидам ман ба чашми хеш аз наздику дур
Обро ду зданд беш аз ташнагон шодобҳо,
Лек натвонанд оби рӯйро дуздид ҳеҷ,
Бингаранд аз хилвате бо ҳайрату эъҷобҳо.
Бо вуҷуди ин ҳама кӯчондам андар шеъри худ
Манзари Азобҳо, гулбодаи Варзобҳо.
Бо вуҷуди ин ҳама бо халқ будам ҳамнасиб,
Дар дилам хуршедҳо, дар дидаам маҳтобҳо…
1987
Шарҳи худро нависед