ГИРЯИ ХОҲАР БАР МАРГИ ДОДАРИ АСКАРАШ
Рафтӣ сари дӯшат камон
Бо сад хаёлу сад гумон.
Баргашт модар аз гусел
Аз марзи Афғон бо фиғон.
Дар хонаи чашми падар
Монд охирин дидори ту.
Дар чашми модар хона кард
Симои кӯдаквори ту.
Рафтӣ, нигоҳат сӯяшон
Лаб зери дандон гиҷу мот,
Аз он тараф бӯи аҷал
Аз ин тараф бӯи ҳаёт…
Рафтӣ, ба каф ҷони ҷавон,
Он сӯи Ому – сангарат.
Рафтӣ, ки бошад пуштбон
Ин сӯи Ому кишварат.
Рафтӣ, ки оӣ қаҳрамон,
Бар қасди хашми душманон,
Рафтӣ ҷавон, аммо чӣ сон
Баргаштӣ сӯи хонадон?
Сандуқи сина ғарқи хун,
Дар сандуқ омад пайкарат.
Сандуқи ту дарбаста буд
Монанди чашмони сарат.
Нашнида бӯе ҳам зи ишқ,
Ногаҳ шунидӣ бӯи хун.
Аз чашми модар ҷорӣ шуд,
Дарёи ашку ҷӯи хун.
Бо тири душман дар ҷигар
Баргаштӣ, эй ҷону ҷигар.
Чӯкида чун гӯри куҳан
Чашмони гирёни падар…
Мардона рафтӣ сӯи хасм,
Аз сангар, эй марди ҷавон.
Оини марди мардро
Ҷон додию кардӣ ҷавон.
Беном рафтӣ безамон
Дар зикри номи Инқилоб.
То дар ҷаҳон ҷарён кунад
Рӯди давоми Инқилоб.
Рафтӣ ба роҳи пурхатар
Аз марги ноҳақ бехабар.
То дар ҷавонии замин
Монад ҷавоният асар.
Дар кӯлвори аскарит
Чандин китоби шеър буд,
Гӯё балогардони ту
Ҳар шеъри ботадбир буд.
Аз Шерхон,2 эй шеърхон,
Бигзаштӣ бо сарбозҳо.
Бигзаштӣ аммо бенафас
Аз дасти рӯбаҳбозҳо.
Бигзаштӣ чун шери жаён
Аз Шерхон дар лаб суруд,
Огаҳ набудӣ заррае
З-афсонаи буду набуд.
Дар хонаи чашми ту буд
Нури сафои зиндагӣ,
Мехостӣ харҷаш кунӣ
Билкул барои зиндагӣ.
Ман бо умеди тӯи ту
Рӯмолчаҳое дӯхтам.
Наъши ту дида, ҷумларо
Дар оташи ғам сӯхтам.
Деҳро ба сар бардоштам:
Ҳайфо, дареғо додарам!
Тармаргакам, тармаргакам,
Во додарам, во додарам…
Аз сад гулат нашкуфта буд
Як гул ба боғи зиндагӣ,
Нафрӯхтӣ андар диле
Як шаб чароғи зиндагӣ.
Нобурда сарбахше зи умр,
Сарро бубахшидӣ ба тир,
Эй навхати нашкуфтадил,
Эй навраси кӯдакзамир.
Ҳаргиз наёяд боварам,
Марги ту, ҷонам, додарам!
Хам шуд зи тири ҳасратат,
Қадди камони модарам.
Ҳаргиз наёяд боварам,
Бар он, ки беҷон хуфтаӣ.
Гоҳо ба пиндорам, ки ту
Пушти арӯсе рафтаӣ.
Рӯи ту пайдо мешавад,
Дар чашми хунафшони ман.
Дигар намехандӣ чаро,
Эй додари хандони ман?
Бо марги ноҳангоми ту
Эй ганҷи дунё, додарам,
Як тӯй кам шуд дар ҷаҳон,
Во додарам, во додарам.
Бо мурдани новақти ту
Мурд орзуҳо, додарам,
Дилпора шуд як наварӯс
Во додарам, во додарам.
Бо мурдани тақдири ту
Як ишқ новарзида мурд.
Дар ҳукми гул рафтӣ зи бод,
Як боди гул ночида мурд.
Мемирам охир аз ғамат
Эй додари хушрӯи ман,
Бе толеи дидори ту
Толеъ нахандад сӯи ман.
Оё сари сабзат чӣ шуд
Бо сад таманно, додарам?
Вой ормони мурдаам,
Во додарам, во додарам.
15.9.1985