Худо

Эй нури Худо дар назар аз рӯйи ту моро,

Бигзор, ки дар рӯйи ту бинем Худоро.

То накҳати  ҷонбахши  ту ҳамроҳи сабо шуд

Хосияти Исост  дами боди саборо.

Пеши ту дуъо гуфтаму дашном шунидам,

Ҳаргиз   асаре беҳтар аз ин нест дуъоро.

Он рӯз ки таълими  ту мегуфт муаллим,

Бар лавҳи ту нанбишт  магар  ҳарфи вафоро?

Ҳарчанд ки хубон ҳама дар роҳи  ту хоканд,

Ҳайф аст, ки бар хок ниҳӣ  он кафи  поро.

Мехостам  осуда  ба кунҷе  бинишинам,

Болои ту ногоҳ барангехт балоро.

Гар ёр кунад майли Ҳилолӣ, аҷабе нест,

Шоҳон, чӣ аҷаб, гар бинавозанд гадоро?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед