ҒУРУРИ РУСТАМ

Ман гардани адовати шайтон шикастаам,
Ман муҳраи сиёсати шоҳон шикастаам.
Бо гурзи тобдори худ фирӯз будаам,
Бо мушти обдори худ сандон шикастаам.
Бо рӯҳи бешикасти худ дар дашти разму кин
Ковусро зи чанги асорат раҳондаам.
Ӯ худ касе набуд, ки бошад сазои тахт,
Аммо манаш ба маснади Эрон нишондаам.
Парвози ӯ ба осмон чун мурғи хонагӣ
Кӯтоҳ буду дар сараш боди ғурур буд.
Медид ӯ зи шонаи ман дуртар, вале
Бе чашми ман ду дидаи бинош кӯр буд.
Ман дар мурури қисмати пирӯзманди хеш
Бар ҳар балову ҳар қазо пирӯз будаам.
Аммо даме, ки эҳтиёҷ аз доманам гирифт,
Арзи ниёз бар дари Ковус бурдаам.
Як бор дар иродати худ хурдаам шикаст.
Дар рӯи дастҳои ман Суҳроби нозанин
Меканд ҷону аз падар шафқат умед дошт,
Мемонд доғи хуни ӯ бар домани замин…
Як қатра нӯшдору зи Ковус хостам,
Ӯ дар ҷавоб хашми буранда зи теғ дошт.
Суҳроб то бимираду ман ҳам ба доғи ӯ,
Як қатра нӯшдоруяш аз ман дареғ дошт.
Он рӯз буд аввалин рӯзи шикасти ман.
Дарёфтам, ки мардумӣ осон набудааст.
Бардоштам ғирев ба Ковус аз ҷигар:
«Ҷони ту ҷону ҷони касе ҷон набудааст?!
Ман баҳри ту зи ҷони худ кардам басе гузар,
Ман баҳри ту зи оташи сӯзон гузаштаам.
Аз баҳри тоҷу тахти ту, к-арзандаи ман аст,
Аз коми шеру ханҷари буррон гузаштаам.
На молу ҷоҳ ҷустаам, на маснади баланд,
З-инҳо баланд будаам ман бо ғурури хеш.
Хоки Ватан набуд агар пушту паноҳи ман,
Кай ифтихор кардаме танҳо ба зӯри хеш?!
Бо ин ҳама ғурур надонистаам, дареғ,
Дар давлатат тараҳҳуме арзон набудааст.
Бо ин ҳама ғурур надонистаам, дареғ,
Ҷони ту ҷону ҷони касе ҷон набудааст…
Ин аввалин шикасти ман дар корзорҳо
Аз дасти туст, аз дили бемуддаои туст.
Пирӯзӣ аз ман асту зи Эрони зиндадил,
Нафрини ман ба ҳастии бемуттакои туст!»
Бо ин ҳама диловарӣ донистам, эй дареғ:
Дарде намекушад маро, бедардӣ мекушад.
Мардонагист ҳар куҷо, фирӯз мешавам,
Мардӣ намекушад маро, номардӣ мекушад…
1976

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед