ГУФТАМ: БА ЧАШМ!
Ёр гуфт: аз ғайри мо пўшон назар, гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар ёбӣ нишони номи мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардад лабат хушк аз дами сўзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашқ
Ҳам ба мижгонат бирўб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардӣ шабе аз рўи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар дорӣ хаёли дур(р)и васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар, гуфтам: ба чашм!
Шарҳи худро нависед