Гул дар бару май дар кафу маъшуқ

Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст,

Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.

Гӯ, шамъ маёред дар ин чамъ, ки имшаб,

Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом аст.

Дар мазҳаби мо бода ҳалол аст, валекин

Бе рӯйи ту, эй сарви гуландом, ҳаром аст

Гӯшам ҳама бар қавли наю нағмаи чанг аст,

Чашмам хама бар лаъли лабу гардиши ҷом аст.

Дар маҷлиси мо атр маёмез. ки моро

Ҳар лаҳза зи гесуи ту хушбуй машом аст.

Аз чошнии қанд магӯ ҳеҷу зи шаккар,

3-он рӯ. ки маро аз лаби ширини ту ком аст.

То ганҷи ғамат дар дили вайрона муқим аст,

Ҳамвора маро кӯйи харобот мақом аст.

Аз нанг чӣ гӯйӣ, ки маро ном зи нанг аст,

В-аз ном чӣ пурсӣ, ки маро нанг зи ном аст.

Майхораву саргаштаву риндему назарбоз,

В-он кас, ки чу мо нест дар ин шаҳр, кадом аст.

Бо мӯхтасибам айб магӯед, ки ӯ низ

Пайваста чу мо дар талаби айши мудом аст.

Ҳофиз. манишин бе маю маъшуқ замоне,

К-айёми гулу ёсуману иди сиём аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед