ГУЛҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар кӯҳу пуштаи мо,
Дар боғу киштаи мо
Гул бируяд беҳисоб
Бо рангу буйи ноёб.
Номҳои зебо доранд,
Қимати дунё доранд.
Бояд онҳоро донем,
«Дар нодони намонем.»
Ҳарчи дар он ҷо гуфтем,
Аз ҳазор якто гуфтем.
Дар дилу дар ҷони мо,
Меҳри бепоёни мо
Бояд монад бехазон
Гулҳои Тоҷикистон!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед