Гули Газанда

Газанда дар лаби ҷӯ
Ба об кунад гуфтугӯ.
Надорад бо касе кор,
Бо ҳар хору хасе кор.

Наздаш наояд аз дур
На магасу на занбӯр.
Бузе нахӯрад баргаш,
Мӯре набарад баргаш.

Агар ту шӯхӣ куни,
Равию баргаш кани,
Газад ангушти туро,
Сӯзонад мушти туро,

Сари раҳ нолон шави,
Кӯдаки гирён шави.
Газанда аслан давост,
Баҳри туву ман давост.

Лек хубиашро ҳад аст-
Бо бачаи бад-бад аст!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед