ГУЛИ ГУЛҲО

Аз ёна гул овардем,

Дудона гул овардем,

Баҳри қабул овардам,

Гули гулҳо  сияҳгӯш.

Гули баҳор омада,

Муждаи кор омада,

Баҳри нисо омада,

Гули гулҳо сиягӯш.

Холаҷони хонадор,

Моро накун интизор,

Ҳадяи худро барор

Гули гулҳо сиягӯш

Гули гулҳо қатор аст,

Ранги чашми хумор аст,

Дар пуштаҳо  баҳор аст,

Гули гулҳо  сиягӯш.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед