Гули ишқ

Аз файзи гули баҳори ишқам.
Гулрез бувад диёри ишқам.
Аз дидани рӯи дилфиребаш,
Афзун бишавад хумори ишқам.
Зорам макун ай Худо ба нокас,
Ин бас,ки низору зори ишқам.
Чун ҷон ба канори ман биёяд,
Дерест,ки интизори ишқам.
Пурсанд зи ман,ки кист?- Манзур,
Як ошиқи ҷоннисори ишқам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед