ГУЛИ КАВАР

Дидаӣ ту каварро,
Ҳусни зову камарро?

Наметарсад аз хамӣ.
Аз гармиву аз намӣ.

Бар ҷариҳо фурояд,
Аз сангу шах барояд.

Гулаш алови зинда,
Набошад лек сӯзанда.

Мевааш мисли асал,
Даво бувад бар касал.

Ба атрофат назар кун,
Тамошои кавар кун.

#камар #кавар

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед