Гули Лола

Лола бувад бешумор
Бо рангҳои бисёр.
Лола зарду кабуд аст,
Бунафши хушнамуд аст.

Ҳам сафед бошад лола
Чун арӯси қинола.
Аммо аз ҳама зебо
Лолаҳои деҳи мо.

Монанди шафақ сӯзанд,
Дили моро афрӯзанд.
Онҳо сурху арғувон
Чун рӯйи Тоҷикистон!



Шарҳи худро нависед