Гули Сияҳгӯш

Гули сияҳгӯш
Пайки баҳор аст,
Аз вай зимистон
Анвар фирор аст.
Гули сияҳгуш
Гули умед аст,
Гӯшаш сияҳ,
лек Дилаш сафед аст.
Гӯяд: «Ман ҳастам
Сарбози баҳор,
Ҳамрозу ҳамроҳ,
Анбози баҳор!»
Ҳар ҷо, ки ӯ ҳаст,
Ҷӯшу хурӯш аст,
Ҷояш, аз ин рӯ,
Болои гӯш аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед