Гули хайри
Гули хайриро аз дур
Гумон кунӣ: пиёла,
Ки сурх асту сафед аст
Дар рӯйи кафи ёла.
Пиёла гаҳ пур аз субҳ,
Гоҳе зи оби борон,
Сари як по истода,
Мепояд раҳи ёрон.
Меҳмонҳояш бешумор-
Чи мӯрчаву чи занбӯр.
Баски мизбон хасис нест,
Шарбат хӯрад бо ҳузур.
Дар ҳар куҷое бошад,
Гули хайрӣ хайрхоҳ аст,
Лабонаш пуртабассум,
Нигоҳаш бегуноҳ аст.
Шарҳи худро нависед