Гулшан чист?

Ба гулшан чун барафрӯзад маҳи рухсори чун гулро,
Кунад фаввораи хун ғунчаву минқори булбулро.
Ба гесӯи абирафшон агар дар гулситон ояд:
Ба рагҳои Замин пайванд созад шохи сунбулро.
Кунад чун мум шамъи сабр истиғнои хубонро,
Сари таслим мерезад дами теғи тағофулро…
Ҷаҳон як кӯчабоғи захм шуд аз ханҷари нозат,
Нигоҳат чанд бандад бар камар теғи тағофулро.
Зи акси сояи ман кӯҳ монад бар Замин паҳлу,
Шикаста дастбӯси панҷаам дӯши таҳаммулро.
Ба рози хеш натвон сохтан маҳрам дурӯёнро,
Нигаҳ дор аз забони шона, эй машшота, кокулро.
Тамошои чаман, эй Сайидо, бе ёр агар бошад,
Нигар дар дида мили оташин донад раги гулро.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед