ГУНҶИШК АЗ МАНОРА

Чӣ гӯям муртади бемазҳаберо,
Ки ҳар ҷо даъвии мову манӣ кард.
Ба ҷои рӯшиносӣ – рӯхарошӣ,
Ба ҷои мӯшикофӣ мӯканӣ кард.
Ба ҷои дастгирӣ пеши по дод,
Ба ҷои дастбӯсӣ пушти по зад.
«Садои Осиё»-ро ҳеҷ нашнид,
Зи бухлу кинатӯзиҳо садо зад,
Ки гӯё душмани шеър аст Мирзо,
Ки истеъдодро дидан надорад,
Ки дунёро ба коми худ гирифтаст,
Ки ҷуз савдои «суди ман» надорад;
Ки ин гӯё абармардест танҳо,
Варо Мирзо раҳи эҷод бастаст,
Ки ин гӯё, агар Мирзо набошад,
Ягона марди истеъдод будаст –
Навишта то ба КМ, то Бюро
Бад-ин оҳанг гуфта дарди худро:
Гар имрӯз оҷилан додаш напурсанд,
Пушаймон мешавад як рӯз дунё…
Чи тамкин дошт устоди суханвар,
Ба худ печидаву ором мебуд.
Зи ному шуҳрати худ розиву шод,
Ғами ин гумраҳи гумном мехӯрд.
Зи ҷо бархост бо тамкини сангин,
Бигуфто: Ҳар киро шеъру шиор аст.
Вале гунҷишк дар пастӣ чӣ бошад?
Бузургиҳои гунҷишк аз манор аст!
Агар ман осмон, ин остона,
Куҷо ин ҷонфидои ному нанг аст?
Чӣ хуш гуфта, чӣ хуш гуфта Низомӣ:
«Кулӯхандозро подош санг аст!».
Хатоҳои бузургонро худованд
Чу илқо карда худ, шояд бубахшад,
Хатои сифлагонро лек афсӯс
Намедонам чӣ кас бояд бубахшад…
Сипас биншаст устоди сухансоз
Ба ҷои хеш бо ғамҳои дунё.
Вале даъвогари ноҷинсу нокас
Сияҳ буду сияҳбар кард худро…
Ду каф бар рӯ кашиду сахт бигрист
Зи бухлу кинаву буҳтону туҳмат.
Намедонам чи ҳоле рух зад он дам,
Маро бар гиряи ӯ раҳм омад…
Чӣ гӯям қиссаи маълумро боз,
Ки баҳри шоҳидон ҳоҷат надора(д):
Яке мардест – фахри миллати мо,
Дигар ҷинсест – гунҷишк аз манора…
18.6.1981

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед