ХАБАРИ ГУЛ
Овард ба мо булбули ошиқ хабари гул:
Ҷуз булбули гулдӯст кӣ донад хатари гул?
Ҳарчанд ки дар гул ҳама хубиву хушӣ аст,
Бу мул на ҳамоно, ки хуш омад хабари гул.
З-он қатараи шабгир, ки бар шохигул афтод,
Чун тоҷи шаҳон гашт зи дур тоҷи сари гул.
Азбаски сабо бар раҳи гулзор гузар кард,
Пурмушку ақиқ аст ҳама раҳгузари гул.
Зеру забари гул ҳама лаъл асту забарҷад,
Дил зеру забар гашт зи зеру забари гул.
Гул як асар аст аз қадаҳи мул ба латофат,
Зебо набувад бе асари мул асари гул.
Шарҳи худро нависед