ҲАДАҲА

Рамазон омаду мулло ҳадаҳа,
Шикамаш чун дафи гӯё ҳадаҳа.
Дараке ёбад аз ифторе агар,
Бидавад бесару  бепо, ҳадаҳа.
Мо зи муллову гапаш дар ҳазарем,
Аз дилу нияти ӯ бохабарем,
Рамазон гарчи худаш рӯза хурад.
Ҳини шом аз ҳама боло, ҳадаҳа.
Гапи мулло ту бикун – ҳаст масал –
Ҳарчӣ ӯ қард, набоист амал
Аз гапу кардаи ӯ мо безор,
Равад аз маъракаи мо ҳадаҳа.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед