Хами зулфи ту доми куфри дин аст

Хами зулфи ту доми куфри дин аст,

Зи користони ӯ як шамма ин аст.

Ҷамолат мӯъҷизи ҳусн аст, лекин,

Ҳадиси ғамзаат сехри мубин аст.

Зи чашми шӯхи ту ҷон кай тавон бурд,

Ки доим бо камон андар камин аст.

Бар он чашми сияҳ сад офарин бод,

Ки дар ошиқкушӣ сеҳрофарин аст.

Ачаб илмест илми ҳайати ишқ,

Ки чархи ҳаштумаш ҳафтум Замин аст.

Ту пиндорӣ, ки бадгӯ рафту ҷон бурд,

Ҳисобаш, бо киромулкотибин аст.

Машав, Ҳофиз, зи қайди зулфаш эмин,

Ки дил бурду кунун дар банди дин аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед