ҲАМОСАИ ЧАШМУ ЧАРОҒ

Нахустин одаме, к-андар миёни зулматистони
муҳити хеш нуре ҷустуҷӯ мекард,
Ва андар кулбаи тораш чароғе орзу мекард,
Нахустин бор сӯи осмон наззора карду дид
андар сақфи гардун моҳтобу ахтари рахшон,
Ба сақфи кулбаи музлим
Ба тақлиди ситора ё ки маҳ ӯ ҳам
чароғе сохт, афрӯзонд.
Нахустин моҳтоби сунъии инсон,
Нахустин ахтари маснӯи тобон,
Нахустин ахтари дар кулбаҳо рахшон –
чароғи ӯст.
Сипас дар партави чашму чароғу
донишу биниш
Ба мулки нуриён инсони хокӣ роҳҷӯӣ кард.
Шабонгоҳон ба аҷроми самоӣ розгӯӣ кард.
Сипас дар партави чашму чароғ ӯ сохт устурлоб
дар тақлиди чашми худ,
Зи роҳи чашм бар асрори бархе нуриён
раҳ бурд.
Сипас,
Дар кулбаҳои равшани худ
одамӣ дигар намегунҷид,
Агарчанде муаммои фалакҳоро намефаҳмид,
Аммо ӯ
Зи гардишҳои чашми хештан медид
гардишҳои дунёро,
Ба саргардонию саргаштагиҳо
Ӯ аён медид вақте чарх мегардид сар
Гардиши чархи фалакро,
Гардиши сайёраҳоро.
Сипас аз роҳи нури чашм роҳи нуриёнро ҷуст,
Муаммои замину осмонро ҷуст.
Зи роҳи чашм чашми ахтаронро дид,
Зи рӯи ақл рӯи ин ҷаҳонро дид.
Сипас дар чашми ӯ
Дар донишу дар бинишу дар фитрати
паҳновари ӯ
Дар ниҳоди поки исёнпарвари ӯ
Ин ҷаҳон бо ҷумлаи мавҷуду маъдум,
Бо ҳама аҷроми улвӣ,
Бо ҳама аҷноси сифлӣ як ба як гунҷид…
Тавонӣ гуфт:
Ҳама нуре, ки дар дунёст,
нури чашми Инсон аст.
Ҳама роҳи ҷаҳон –
Андар замину осмон
аз роҳи дил,
аз роҳи ақл,
аз роҳи чашмон аст!
1971

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед