ЁДИ ЯК ҲАМСАБАҚИ МАРҲУМАМ

Ёд дорам, ки ба ангушти ишорат рӯзе
Духтареро ба қади роҳ нишонам дода,
Гуфтӣ: ваҳ, ошиқи ӯям, хабараш нест аз ин
Меҳраш андар дилу ҷон сӯзи ниҳонам дода.

Ана имрӯз дар ин мавсими гулбоз – баҳор
Дидам он духтараки чашмсияҳ, ҷуфт шудаст,
Ханда мерехт зи лаъли лаби ӯ сӯи ҷавон
Он ҷавон буд зи лутфу карамаш сархушу маст.

Мегирифтам чи қадар рӯҳ, агар медидам
Бо ту имрӯз ҳамон духтари тамкинпараст.
Оҳ, охир чӣ кунам, нақдпараст аст вафо
Ишқ чун ҷӯш занад, ҳолию ҳозирбин аст.

Гар ниҳонхонаи қаъри дили ту бо ду сухан
Баҳри он ёр чу оина ҳамегашт аён,
Мумкин аз ишқи шумо даҳр гулистон мешуд,
Зинда мегашт ҳама рӯҳи шаҳидони ҷаҳон.

Ишқ меофараду марг нагун месозад,
Кори он ҷуз қадаҳи зиндагӣ бишкастан нест,
Сӯзи одам дигару ҳукми дами марг дигар,
Мурдан аз баҳри ҳама ҳаст, вале зистан нест.

Дили ту, он дили сӯзони пур аз меҳри ниҳон
Хок шуд, хок ягон сӯзи туро дарк накард.
Варна ҳамкори аҷал гашта ба ҷои ту варо
Душмани кӯрдилу наҳс ҷавонмарг накард?!

Бозуи кӯҳбарандози ҷавонии туро
Гашта ҳамдасти аҷал хоки сияҳ пинҳон кард.
Охир он хоки кару гунг чиро медонад,
Ки на фарёд кашиду на ягон афғон кард.

Рафтӣ аз даҳр, набурда зи ҷавонӣ фараҳе
Лаззати зиндагию рӯи ҷаҳон нодида,
Лаззати нӯшлаби дилбару оғӯшу канор,
Лаззати хандаи тифлу гапи он нодида.

Набудӣ шоири нобиға, ки ашъори туро
Мардумон хондаву хотири худ шод кунанд.
Набудӣ рӯҳи бузурге, ки ҳама дилшудагон
Назди ҷонона ба номи ту қасам ёд кунанд.

Пешво, роҳбари тӯдаи раҳгум набудӣ,
Ки ба ту ҳайкале аз санги забарҷад биниҳанд.
Ту фақат як варақи зиндагиро гардондӣ,
Варақи дигари онро аҷали наҳс биканд.

Хайр, эй ду лаби нодида зи ҷонон бӯса,
Хайр, эй рӯҳи ҷавон, эй дили хомӯшшуда,
Хайр эй рози ниҳони ба касе ногуфта,
Мисраи вирднагардида, фаромӯшшуда.

Ман ба чашми ту ба оянди ҷаҳон менигарам,
Мекашам ҷои ту аз олами фирӯз нафас,
То ки рӯҳи ту ба фардои ватан сайр кунад,
Сарф бодам паи тавсифи ҷавонӣ дилу даст!

Оҳ, ин рӯз мабодо ба сари душмани кас,
Ки кас ошиқ шаваду васл набинад, мирад!
Оҳ, такрор мабодо ки дар айёми шубоб
Ба дили хок дили шефта манзил гирад.

Хайр, эй шохи шикаста зи тани нахли бузург,
Хайр, эй ғӯраи сармозадаи фасли баҳор,
Хайр, эй пайраҳаи роҳи калон ногашта,
Раҳрави роҳи ҷавонист, ҷаҳон дар сари кор.

29.5.1962

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед