ХАНДАИ ЗАМИН

Фасли навбаҳоре буд,
Ҷонфурӯзу дилоро.
Шаб гузашту зарҳал кард
Офтоб гетиро.
Ба хаёли ширине
Он саҳар сафар кардам,
Сӯи водии колхоз
Бо ҳавас назар кардам.
Сабз буду хуррам буд
Дашту кӯҳи пурсарват,
Сӯи кор мардум рафт
Бо таронаи меҳнат.
Рашки якдигар буданд
Лолаю гулу сунбул,
Маст карду шайдоям
Савти дилкаши булбул.
Наърае задам аз шавқ:
–Ваҳ, чӣ нозанин аст ин!
Дар ҷавоб бишнидам:
–Хандаи замин аст ин!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед