Хандон агар намекунӣ, гирён макун маро

Гар ҳобили малол наям, шод кун маро,
Вайрон агар намекунӣ, обод кун маро.

Хандон агар намекунӣ, гирён макун маро,
Обод агар намекунӣ, вайрон макун маро.
Хушбахт агар намекунӣ, аз бахт дам мазан,
Шодон агар намекунӣ, нолон макун маро.
Дар чорсӯи зиндагӣ то кӯи зиндагӣ
Раҳбон агар намешавӣ. сарсон макун маро.
Ҳайрони дил набудаӣ як лаҳза худ ба худ,
Бо лофу бо газофҳо ҳайрон макун маро.
Ҷонат тиҳист аз ғами ҷонсӯзи ошикӣ,
Дасти тиҳй ту ин ҳама дастон макун маро.
Дунё надида. ваъдаи дунё мадеҳ ба ман,
Дарё надида, ташнаи тӯфон макун маро.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед