Ханҷари зангзада…
Мевазад боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он,
Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам
Ин сурурди қадими кӯҳистон:
“Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором
Мезанад доду мезанад фарёд.
Меравад худсарона,
лекнин ром
Ҳеҷ касро намешавад.
Ҳайҳот!
Кӯҳи хоро нигар, ки уштурвор
Бар сари ганҷҳо намуда хоб,
Ҳеҷ гоҳе намешавад бедор
Ӯ зи фарёди Панҷи заррин-об…”
Субҳдам шуд…
Махорка печондем,
Дар сари роҳ монда аспонро,
Сӯи ғори сияҳ қадам мондем.
Ҷӯраам гуфт қиссаи онро:
– “Ғори сагҳо!”
Нигар чӣ сон тира!
Даҳшатовар, ҳавош ғамангез.
Кай ӣавонист кас, ки бе ҳамраҳ
Бигзарад шаб зи паҳлуяш, ҳаргиз…
Дузуд раҳзан Фузайли беномус
Дар ҳамин ҷой истиқомат кард,
Аз ҳамин ҷой ҳар шабу ҳар рӯз
Халқро зулм карду ғорат кард.
Паҳлавонхалқ душмани худро
Ба ҳалокат дучор гардонид,
Душмани боғу гулшани худро
Сар ба сар торумор гардонид.
Монд танҳо Фузайли беномус,
Зарба хӯрду гурехт он ҷаллод,
Буд фармондеҳаш яке ҷосус,
Дар ҳамин ҷой, мисли саг, ҷон дод.
Мана дар паҳлуи ҳамон харсанг
Гӯри он лаънатӣ намоён аст,
Туф ба рӯяш бикун, ки он бенанг
Душмани халқи Тоҷикистон аст!
Ана бингар, ба рӯи гӯри ӯ
Ханҷаре занбаста истодаст…
Эҳтимол аст Черчилли бадрӯ
“Ҳадя” аз номи худ ба ӯ додаст.
Сӯи Шарқ омадаст аз мағриб,
Бо ҳамин ханҷараш ҳамин муртад,
Хост, ки Шарқро шавад “соҳиб”,
Халқ яксар ғуломи ӯ гардад.
Мисрро диду дар Ироқу Аҷам
Низ рафтасту кори худ кардаст.
Ҳиндуёнро ба зидди ҳамдигар
Мана ин фитнагар бихезондаст!
Хост ӯ низ мардуми моро
Ба фалокат дучор гардонад.
Ба гулистони бехазони мо
Пои ифлоси хешро монад.
Сафари номуборакаш, аммо
Дар ҳамин ҷо ба охир омада буд.
Мақсаду орзуи Черчиллро
Чун кафан ӯ ба гӯр бо худ бурд…