ҲАР КАСУ ҲАР ЧӢ…

Буд дар навҳагарӣ,
Кабки дарӣ,
Карда об он ҳамаро ҷону ҷигар.

Яке аз шавқ бигуфто,
лаби худ лесида,
Гар садояш бувад ин сон ширин,
Гӯшташ
бошад аз он
ширинтар.

***

Аз чи, донӣ, ду чашм додандат
В-ин ду гӯшу ду дасту пойё ҳам.
Ин тавозун диҳад чунин пандат,
Ки бубин даҳру гӯш деҳ ба ҳикам.

Ёр дар бар бикаш ба меҳри дучанд,
Ҳар куҷоӣ, ба кӯйи ӯ баргард.
— Донӣ, аз чӣ-т як забон доданд?
— То набошӣ дуқавлаи номард.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед