Ҳаргиз аз ёди ман наравад

Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу чон наравад,

Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.

Аз димоғи мани саргашга хаёли рухи дӯст,

Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.

Дар азал баст дилам бо сари зулфат пайванд,

То абад сар накашад в-аз сари паймон наравад.

Ҳар чӣ ҷуз бори ғамат бар дили мискини ман аст,

Биравад гар сари ман в-аз дили ман он наравад.

Ончунон меҳри ту ҳам дар дилу ҷон ҷой гирифт,

Ки агар сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад.

Гар равад аз паи хубон дили ман, маъзур аст,

Дард дорад чӣ кунад, к-аз паи дармон наравад?

Ҳар кӣ хоҳад,  ки чу Ҳофиз нашавад саргардон,

Дил ба хубон надиҳад в-аз пайи эшон наравад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед