Харобӣ

Боз ову бубин, хоҷа, ки мо хона надорем,
Лутфу карам аз хешу зи бегона надорем.
Хар касс, ки занад санг, гуҳар пеш биёрем,
Мо сурату ҳам сирати шоҳона надорем.
Ҳасраткаши дунёи пур аз фисқу фуҷурем,
Як ҳойю ҳуй аз олами девона надорем.
Зорему низорему фақирему асирем,
Роҳе ба сари масту ба майхона надорем.
Дар чоҳи саодат нафитодем чу Юсуф,
Бо мулки Худо гавҳари якдона надорем.
Дар банди фиребем, фиреби ҳама занҳо,
О ваҳ, ки дигар ҳиммати мардона надорем.
Дев аз раҳи андеша харобии нав овард,
Паймон ҳама бишкаставу паймона надорем.
Боз ову бидеҳ даст, ки бо Хақ нарасидем,
Тӯфони бало бошаду дурдона надорем.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед