Хат нафиристод

Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,

Нанвишт саломеву каломе нафиристод.

Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон,

Пайке надавониду саломе нафиристод.

Сӯйи мани ваҳшисифати ақлрамида,

Оҳуравише, кабкхироме нафиристод.

Донист, ки хоҳад шуданам мурғи дил аз даст,

В-аз он хати чун силсила доме нафиристод.

Фарёд, ки он соқии шаккарлаби сармаст,

Донист, ки махмураму ҷоме нафиристод.

Чандон, ки задам лофи каромоту мақомот,

Ҳеҷам хабар аз ҳеҷ мақоме нафиристод.

Ҳофиз, ба адаб бош, ки вохост набошад,

Гар шоҳ паёме ба ғуломе нафиристод.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед