Хат навиштан ба Модар

Ту ҳоло зиндаӣ, эй модари пир,
Саломат ҳастаму гӯям саломат.
Бимон, ки офтоби бахту умед
Ҳамеша нур пошад рӯи бомат.

Ба ман ҳамсояҳо доим нависанд:
Ба ёди дидани ман беқарорӣ.
Ба тан пироҳани сабзи қадима,
Сари раҳ менишинӣ, интизорӣ.

Туро дар ин либос ошуфтаву зор,
Ҳамеша мардумони деҳа диданд.
Гумон кардӣ, ки дар майхона мастон
Ба сандуқи дилам ханҷар халиданд?

Машав, эй модари ошуфта, ғамгин,
Бубин, карда хаёли хом пират.
Магар ин кӯдаки дирӯзаи ту,
Накарда хайрбоди ту бимирад?

Ман охир, мисли пешина ҳалимам,
Ҳамеша орзуе менамоям,
К-аз ин оворагардиву ғарибӣ
Ба зудӣ хона назди ту биоям.

Ба наздат меравам фасли баҳорон
Ки боғ аз гул ниҳад бар сар кулоҳе.
Макун бедор чун айёми тифлӣ,
Маро аз хоби ширин субҳгоҳӣ.

Макун ту орзуи хуфта бедор,
Ки резад об аз ҷоми шикаста.
Маро аз имтиҳони зиндагонӣ,
Ғубори хастагӣ бар дил нишаста.

Машав, эй модари зорам ту ғамгин
Туро аз омадан бинмудам огоҳ.
Мапӯш он куртаи сабзи қадима,
Машав ту интизори ман сари роҳ.



Шарҳи худро нависед