ХАЙР!

Хайр, бо ту тӯю иди ман тамом,
Зиндагӣ бо ту насиби ман нашуд.
Рафтию гуфтӣ аҷаб не дар дилат
«Дар раҳи умрам ҳабиби ман нашуд».

Ман писандидам туро бо амри дил
Тарк гуфтам чун ба амри зиндагӣ.
Пас, маранҷ аз ман, азизам, шод бош,
Заррае бар ту накардам гандагӣ.

Мепарастидам туро бо сӯзи дил,
Бозӣ мекардам ба кокулҳои ту.
Меравӣ имрӯзу бо худ мебарад
Шодии манро рухи зебои ту.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед