Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз,

Пештар з-он, ки шавад косаи сар хокандоз.

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,

Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз!

Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,

Ба рухи ӯ назар аз оинаи пок андоз!

Ба сари сабзи ту, эй сарв, ки чун хок шавам,

Ноз аз сар бинеҳу соя бар он хок андоз!

Дили моро, ки зи мори сари зулфи ту бихаст,

Аз лаби худ ба шифохонаи тарёк андоз!

Мулки ин мазраъа донӣ, ки суботе надиҳад,

Оташе аз ҷигари ҷом дар амлок андоз!

Ғусл дар ашк задам, к-аҳли тариқат гӯянд,

Пок шав аввалу пас дида бар он пок андоз!

Ё раб, он зоҳиди худбин, ки ба ҷуз айб надид,

Дуди оҳеш дар оинаи идрок андоз!

Чун гул аз накҳати ӯ ҷома қабо кун, Ҳофиз

В-он қабо дар раҳи он қомати чолок андоз!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед