Хоби Модар
Сахт бигрфита дар бағал тифлаш,
Масти хобанд кӯдаку модар…
Раъд ғурриду барқ ҳам рахшид,
Гӯиё бар замин фитод ахтар.
Нӯла дорад саге сари кӯча,
Мошине пурсадо чу балвогар.
Аллае буд ин ҳама гӯё
Баҳри тифлу барои ин модар
Кард ногоҳ тифлакаш нолиш,
Модар афтод зуд дар озор.
Аз садои ҳазини тифли хеш
Зуд модар зи хоб шуд бедор
Шарҳи худро нависед