Хофизи Шерози
Ғазал аз Ҳофизи Шеърозӣ
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй бода шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун, афсонаест афсун.
Некӣ ба ҷойи ёрон фурсат шумор, ёрро.
Дар ҳалқаи гулу мул, хушхонд дӯш булбул,
Ҳоти-с сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро.
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кӯйи некномӣ моро гузар надодан,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.
Он тлахваш, ки сӯфи уммулхабоисаш хонд,
Ашҳо лано ва аҳло мин қублат-ил-узоро.
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Саркаш машав, ки чун шамъ, аз ғайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мумаст санги хоро.
Оинаи Сикандар Чоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.
Хубони пурсигӯ бахшандагони умранд,
Соқи бидеҳ башорат риндони порсоро.
Ҳофиз ба худ напӯшид ин хирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.
————- ****** —————
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.
Шакарфӯрӯш, ки умраш дароз бод, чаро
Тафаққуде накунад тӯтии шакарҳоро.
Ғурури ҳуснат иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро ?
Ба хулқу лутф равон кард сайди аҳли назар,
Ба банду дом нагиранд мурғи доноро.
Надонам аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест,
Сиҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо ?
Чу бо хабиб нишиниву бода паймоӣ,
Ба ёд дор муҳиббони бодпайморо.
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯйи зеборо.
Дар Осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,
Суруди Зӯҳра ба рақс оварад Масеҳоро.