ХОКИ ВАТАН

Тоҷикистон — мазҳари ман,
Сарзамини камзамин,
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар роҳи таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ
Дар биёбонҳои тасфон дур аз ту мурдаанд.
Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб
Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд.
Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд, эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.
Ҳар куҷо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тӣҷорат,
Ё гуреза аз ҳама тазвиру кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғарибӣ бекасу беошно,
Хоки ту бошад нишони охирин…
Тоҷикистон! —
Сарзамини камзамин,
Хоки ту ин сон парешон гаштааст,
Бо ҳама хоки ҷаҳон ин гуна ҳамсон гаштааст.
Хоки ту
Бо сари пуршӯри Деваштич то Бағдод рафт,
Он сари аз тан ҷудо,
Аз ту ҷудо
Бо дод аз бедод рафт.
Хоки ту
Бо сари Рахшона то Юнон расид,
Бо ҳазорон нолаю афғон расид.
Монд дар Табрез бо наъши Камол,
Бо Замин омехт, то шуд безавол.
Хоки Хиндустон зи Бедил дил гирифт,
Наъши ӯ то ҷовидон манзил гирифт.
Бурд Сино то Ҳамадон хоки ту,
Монд он ҷо мушти хоки поки гу.
Он қадар тоҷик ҷуста булъаҷаб
Хонаи Аллаҳ ба саҳрои араб,
Мурдаву хоки туро бо хеш бурд,
Колбадро то бад-он саҳро супурд.
Хоки ту ин гуна кам шуд, кишварам,
Инчунин аз ашк нам шуд, кишварам.
Ҳар қадар ки хоки ту барбод шуд,
Хоки дигар он қадар обод шуд…
Ин чӣ густохӣ? Маро маъзур доо.
Хоки ту кам шуд магар?
Хоки ту кам шуд ба микдору
фарохотар ба арзу тӯл шуд,
Гарчи номат
Ҳамчу мулки кӯҳсорон дар ҷаҳон машҳур шуд.
Лек боке нест!
Баҳри он сангат зиёду кӯҳҳот,
То бисозӣ пайкара бар ёдгори он ҳама
Мардони пурҳасрат,
Ки хокатро парешон кардаанд.
Баҳри он мардон,
Ки номатро ба олам Тоҷикистон кардаанд.
Пайкара чандон тарошӣ, месазад
Баҳри он мардон ки хокатро кунун зар кардаанд,
Кӯҳҳоятро барои арзи меҳру дӯсгӣ
Ин замон озод минбар кардаанд…
1975

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед