ХОКРӮБ
Дар кӯчаҳои шаҳр
Ҳар субхдам нигар —
гири хамидае,
Меҳнаткашидае
Ҷорӯб мезанад
Дар мижжаҳои ӯ
Хобида гардҳост.
Дар кӯзапушти ӯ
Зардоби дардҳост.
Мурдасту зинда аст
Чанде дар ин ҷаҳон.
Умраш хазон шуда,
Рӯбад зи раҳ хазон.
3-ин раҳ ҷавонияш
Кайҳо гузаштааст.
3-ин раҳ зи дӯши ӯ
Дунё гузаштааст.
Рӯзаш шудаст шом,
Ӯ субҳҷӯ ҳанӯз.
Хезад ҳама саҳар
Бар пешвози рӯз.
Хаш-хаш дами саҳар
Дар кӯчаҳои шаҳр
Ҷорӯб мезанад,
Аз баҳри Офтоб
Раҳ тоза мекунад…
4.4.1978
* * *
Дидаам дилрезаҳое, ки радисЬи дил нашуд,
Соҳибунвоне басе дидам, яке фозил нашуд.
Зиндагӣ! Гар устоди мо туӣ, бепарда гӯй,
Аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд?!
Ошике андар сапи паймон зи дунё бигзарад,
Шоири бедордил бо ҷони шайдо бигзарад.
Зиндагӣ! Гар раҳбари мои, чаро тардомане
Пой тар нокарда аз гирдоби дарё бигзарад?!
Чоплусе, ноҷавонмарде қасамҳо бишканад,
Нашканад тарфи кулаҳ, аммо ҷаҳон барҳам занад.
Зиндагӣ! Гар довари якрӯй бошӣ, пас чаро
Аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад?!
/979
* * *
Аввали ишқ — осмони баланд,
Охири ишқ — хоки домангир.
Аввали ишқ — орзуҳо гарм,
Охири ишқ — орзуҳо пир.
Аввали ишқ — даст бар гардан,
Охири ишқ — дастудилшӯӣ.
Аввали ишқ — рӯ ба рӯи ёр,
Охири ишқ — рӯ ба берӯӣ.
Аввали ишқ — гул ба кокулҳо,
Охири ишқ — мушти хору хас.
Аввали ишқ — соҳиби дунё,
Охири ишқ — мурдаи бекас.
Аввали ишқ — лофи мардона,
Охири ишқ — туҳмати номард.
Аввали ишқ — синаи пуршӯр,
Охири ишқ — синаи пурдард.
Аввали ишқ — бӯсаи ширин,
Охири ишқ — талху шӯриҳо.
Аввали ишқ — нашъаи дидор.
Охири ишқ — заҳри дуриҳо.
Аввали ишқ — гулфишони баҳор,
Охири ишқ — баргрезиҳост
Аввали ишқ — аввали дунё,
Охири ишқ — охири дунёст!
2.1 1980