Холист барам бе ту бебаҳру барам бе ту
Холист барам бе ту, бебаҳру барам бе ту,
Дунёст ба сони гӯр андар назарам бе ту.
Аз бому дари умрам хуршеди рухат метофт,
Ҷуз дард намеборад аз бому дарам бе ту.
Хуш аҳли диле будам, бе дарди саре будам,
Ҳам дарди дилам бе ту, ҳам дарди сарам бе ту.
Варзидаи ман, рафтӣ, аз дидаи ман рафтӣ,
Аз дидаи тар ояд хуни ҷигарам бе ту.
Он синадариҳо ку? Он чорагариҳо ку?
Бо синаи садпора бечоратарам бе ту.
Он шуълаи чашмон ку? Он рӯи дурахшон ку?
Бар рӯи ҷаҳон дигар чун менигарам бе ту?
Рафтию дили ошиқ аз одаму олам монд,
Аз одаму аз олам ман бехабарам бе ту.
Уммеди дарозам нест, он нозу ниёзам нест,
Кӯтаҳсафарам бе ту, кӯтаҳназарам бе ту.
Як резаи ҷон дорам, боз о, ки фидо созам,
Варна ба ҳазорон ғам ҷон месупарам бе ту.
Гар нагзарӣ як рӯзе аз кӯчаи дарди ман,
Аз кӯчаи ин дунё ман мегузарам бе ту.