ХОСИЯТИ ДУКОКУЛА
«Хосияти дукокула,
Ба рӯм задӣ барги гула»
Ба рӯм задӣ барги гула,
Куштӣ ҳазор булбула.
Чи бо итоб меравӣ, чи бошитоб меравӣ,
Дили ман об кардаву барои об меравӣ.
Хосияти дукокула,
Ба рӯм задӣ шохи гула.
Шохи гула чико кунам,
Бите ба ман боғи гула.
Бирафтӣ дил хароб шуд, кабоб шуд, кабоб шуд,
Ду кокули дарози ту ба гарданам таноб шуд.
Хосияти дукокула,
Бите ба ман боғи гула.
Чу боғбони гул шавам,
Набинӣ ту доғи гула.
Бирафтӣ аз қариби ман чу толеи наҷиби ман,
Умед дорам аз худо, туро кунад насиби ман.
1979
Шарҳи худро нависед