Ҳотами Той

Хум тиҳӣ шуд аз маю даври қадаҳ аз по фитод,
Базм охир гашту тоқӣ аз сари мино фитод.
Беадаб худро ба андак фурсате созад ҳалоқ,
Бесутун аз ҷо нарафту кӯҳкан аз по фитод.
Мурғи дилро дар каманд оварду гирди дил нагашт,
Оҳ аз он сайде, ки бар сайёди бепарво фитод.
Қарздор аз шаҳр бигрезад зи дасти карзхоҳ,
Лола доғ аз синаи ман буду дар саҳро фитод.
Рафт Ҳотам аз ҷаҳону ҷонишини ӯ намонд,
Хум ба сар ғалтиду дар дунболи ӯ мино фитод.
Сайидо, чун сарв сабзам дар баҳору дар хазон,
Бар сарам чун соя то шохи гули раъно фитод.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед