ХУДОИ ОХИРИН ЭҶОДИ МАН БУД

Ба ман деҳ ҳушу гӯшатро, писарҷон,
Ба ту сирри худоёнро кушоям:
Худои нав ба нав “меофариданд”
Бароям асрҳо аҷдодҳоям,
Хатои якдигарро карда такрор.

Агарчанде ғамангез аст, лекин
ХУдоӣ охирин эҷоди ман буд.
Ҳаёту қисматам пиндоштам ман,
Ки номаш ибтидои ҳар сухан буд…
Худосозӣ макун, фарзанд, зинҳор!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед