Ҳумои авҷи саъодат ба доми мо афтад

Ҳумои авҷи саъодат ба доми мо афтад,

Агар туро гузаре бар макоми мо афтад.

Ҳубобвор барандозам аз нишот кулоҳ,

Агар зи рӯйи ту аксе ба чоми мо афтад.

Шабе, ки моҳи мурод аз уфуқ шавад толеъ,

Бувад, ки партави нуре ба боми мо афтад.

Ба боргоҳи ту чун бодро набошад бор,

Кай иттифоқи маҷоли саломи мо афтад?

Чу ҷон фидои лабаш шуд, хаёл мебастам.

Ки қатрае зи зулолаш ба коми мо афзад.

Хаёли зулфи ту гуфто, ки ҷон васила масоз,

К-аз ин шикор фаровон ба доми мо афтад!

Ба ноумедӣ аз ин дар марав, бизан фоле,

Бувад, ки қуръаи давлат ба номи мо афтад.

Зи хоки кӯйи ту ҳар гаҳ, ки дам занад, Ҳофиз,

Насими гулшани ҷон дар машоми мо афтад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед