ХУМОР
Дар домани баҳор
Андар деҳи Мазор
Гулғунчаи таре,
Покизагавҳаре
Бо абрувони сабз,
Бо ормони сабз
Берун зи хона шуд,
Мактаб равона шуд.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.
Мерафтам аз бараш
Бигрифта дафтараш.
Чашмам гирифта буд
Чил кокули тараш.
Рӯи баҳор буд
Рӯи баҳорияш.
Номаш Хумор буд,
Будам хуморияш.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.
Як рӯзи тирамоҳ
Аз дил кашидам оҳ…
Ӯ кӯч басту рафт
Моро шикасту рафт.
Ёде ба тирамоҳ
Аз он баҳор монд.
Аз деҳ Хумор рафт,
Дар дил хумор монд.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.
Аз кӯчаи Мазор,
Бо ашки шашқатор
Моро надиду рафт,
Гӯё париду рафт
Мисли кабутарак
Ҳамсоядухтарак.
Чил кокул аз қафо
Гуфтанд алвидоъ…
Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ,
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ…
3.12.1988