Хурдаам май бас зи хумми дурднӯшони қадимӣ

Гарчи эъҷозе накардам, баҳри эъҷозе бимирам,
Бо пару боли қавӣ дар авҷи парвозе бимирам.
Хурдаам май бас зи хумми дурднӯшони қадимӣ,
Зиста риндона, ҳам ринди назарбозе бимирам.
Нозҳои ёр гарчи ҳар дамам бемарг кушта,
Гар насиб афтад, барои охирин нозе бимирам.
Ҳусни оғози сурудам баҳри анҷоме набуда,
Рӯзи охир ҳам ба ёди ҳусни оғозе бимирам.
Эй кӣ бо дӯғу дағое мекунӣ бо ман тую ман,
Ту дағобозе бимирӣ, ман навосозе бимирам.
Розӣ мемирам, агар розист аз ман модари ман,
Пеши халқу ин замона чун сарафрозе бимирам.
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед