Хӯрсанди дар дил

Ба зери хеш пусонданд, афсус,
Ба дарду ғам шудам побанд, афсӯс’
Даҳонам ғор гашт аз кори усто,
Дилам хунбор гашт аз кори усто
Зи нав ҳасраткунон паҳлуи ӯям,
Чу як бечора бар худ чора ҷӯям.
Гапам гӯё ба вай афсона бошад,

Забонам гуиё бегона бошад.
Ки не гӯшам намояд, не нигоҳе,

Намегӯяд сафедею сиёҳе.
Ба мисли пештар бо хубрӯе
Бувад дар гирудору гуфтугӯе.
Дигар кас нест гӯӣ кас ба чашмаш, Намоям ман чу хору хас ба чашмаш.
Зи бахти хеш гуфтам дод бисёр,
Ки пеши нокасонам мекунад хор.
Чӣ хуш будй, агар зан мешудам ман, Канори бахти равшан мешудам ман.
На навбат будию не сад баҳона,
На унҷу нози усто дар миёна.
Ба рӯзе менамудам соз дандон,
Қи усто ҳам худаш мегашт ҳайрон.
Бигаштам охир аз савдои ин кор
Зи дандону даҳони хеш безор.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед