Хуршед

Дидан ҳама касрову надидан — назари мост,
Чидан ҳама гулрову начидан — самари мост.
Бори ҳама айём кашидан ба сари дӯш,
Бори дили худро накашидан — ҳунари мост.
То манзили хуршед расидан ба муҳобо,
Бар манзита мақсад нарасидан — сафари мост.
Нодида, надониста давидан ба сӯи уфқ,
Аз худ қадаме ҳам нараҳидан — зафари мост
Дар ишн ба сад лоф тапидан зи гами ёр.
Дар хуни дили худ нагапидан — асари мост.
1989

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед