Хуш набошад

Гул бе рухи ёр хуш набошад,

Бе бода баҳор хуш набошад.

Тарфи чаману тавофи бӯстон,

Бе лолаъузор хуш набошад.

Рақсидани сарву ҳолати гул,

Бе савти хазор хуш набошад.

Бо ёри шакарлаби гуландом,

Бе бӯсу канор хуш набошад.

Хар нақш, ки дасти ақл бандад,

Ҷуз накши нигор хуш набошад.

Ҷон нақди муҳаққар аст, Ҳофиз,

Аз баҳри нисор хуш набошад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед