Хуш омадӣ

Эй шамъ, бар сари мани гирён хуш омадӣ,
Чашму чароғи шоми ғарибон хуш омадӣ.
Чун барги лола доғи маро тоза сохтӣ,
Эй шохи гул, ба сайри гулистон хуш омадӣ.
Захмам навишта буд ба носур номае,
Ҳон, эй табиб, аз пайи дармон хуш омадӣ.
Наззораам зи шавқ нагӯнҷад ба пераҳан,
Дар ҷустуҷӯйи накҳати гетӣ хуш омадӣ.
Чашми ман аз ҷамоли ту имрӯз равшан аст,
Эй тӯтиёи дидаи ҳайрон хуш омадӣ.
Бар домани ту то нарасад дасти орзу,
Монанди сарв барзада домон хуш омадӣ.
Бошад, фидои мақдами ту ҷони Сайидо,
Ту тир карда ханҷари мижгон хуш омадӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед

Хуш омад

Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад,

Ки дар дастат ба ҷуз соғар набошад.

Замони хушдилӣ дарёбу дур ёб,

Ки доим дар садаф гавҳар набошад.

Ғанимат дону май хӯр дар гулистон,

Ки гул то ҳафтаи дигар набошад.

Аё пурлаъл карда ҷоми заррин,

Бубахшо бар касе, к-аш зар набошад.

Биё, эй шайху аз хумхонаи мо,

Шаробе хӯр, ки дар Кавсар набошад.

Бишӯй авроқ агар ҳамдарси моӣ,

Ки илми ишқ дар дафтар набошад.

Зи ман бинюшу дил дар шоҳиде банд,

Ки ҳуснаш бастаи зевар набошад.

Шаробе бехуморам бахш, ё Раб,

Ки бо вай ҳеҷ дарди сар набошад.

Ман аз ҷон бандаи султон Увайсам,

Агарчи ёдаш аз чокар набошад.

Ба тоҷи оламорояш, ки хуршед,

Чунин зебандаи афсар набошад.

Касе гирад хато дар назми Ҳофиз,

Ки ҳеҷаш лутф дар гавҳар набошад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед