Хуш омадед

Сарв қаду зӯҳра ҷабин ба хони ман хуш омадед
Бахти ману баҳори ман ба хони ман хуш омадед
Дар талиби ёр манам дар талаби ҷон манам
Ҷони ману ҷаҳони ман ба хони ман хуш омадед
Дарси вафо гӯй шумо дар талаби дарс манам
Пайрафи устоди ишқ ба хони ман хуш омадед
Ишқ расад бар дари ман дар талаби ишқ манам
Ишқи ману муҳаббатам ба хони ман хуш омадед
Даст ба рухи шумо манам оҳ чӣ лаҳзаҳои хуш
Нишоту ҳам нишоти ман ба хони ман хуш омадед
Вой агар ранҷ кашед захми шавад ин дили ман
Дар дили ман ҷон шумо ба хони ман хуш омадед
Хона гулистон шавад аз қадами меҳри шумо
Чун гули ёсуман шумо ба хони ман хуш омадед
Аз дили МАСЪӮД бурун омаду ин васфи шумо
Шеъри манӯ ғазал шумо ба хони ман хуш омадед

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед