Хушбахт кист?

Сарбаландони ҷаҳонро номи эҳсос асту бас,
Сарвро дар бӯстон қадди намоён асту бас.
Хонаи ин қавмро чун масҷиди одина дон,
Зинати қолин шаъни пешайвон асту бас.
Гар равӣ дар хонаи эшон пушаймон мехӯрӣ,
Хурданӣ дар хонаи эшон пушаймон асту бас.
Пора месозад ҷайбат чун тамаъ сози либос,
Ҳосил аз пӯшиданӣ, чоки гиребон асту бас.
Маҷлиси олии эшонро тамошо карданист,
Косаи обеву гоҳе парчаи нон асту бас,
Нест фарқе дар миёни мурдагони ин гурӯҳ,
Имтиёзе гар бувад ин қавмро ҷон асту бас.
Мехӯранд обеву мекованд дандон гӯйё,
Хӯрдани эшон ҳамеша оби дандон асту бас.
Сайидо, дар хонаи аҳли карам, арбоби ҷуд,
Гар бувад гуфтушунуде манъи дарбон асту бас.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед